КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Назарҳо: 3360

Масъалаҳои шаҳрвандӣ
Шаҳрвандӣ чист?


Шаҳрвандӣ – мансубияти шахси муайян аз рӯи аломатҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ нисбати ягон давлате мебошад. Ҳамзамон шаҳрванд ҳуқуқу уҳдадориҳоро нисбат ба амалҳо ва мавқеи худро дар ҳайати давлате пайдо мекунад, ки уҳдадор аст ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандро аз тарафи худ таъмин намояд. Шаҳрвандӣ – иҷрои моддаҳо ва қоидаҳоеро дар назар дорад, ки дар Конститутсия – маҷмӯи қонунҳои ҳуқуқҳои шахс нишон дода шудаанд ва мавқеи онро нисбат ба ҳокимияти давлатӣ вобаста кардааст.
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон – робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмуи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳоро дар бар мегирад;

Дар асоси кадом санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ масоили шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад?
Масъалаҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуќуќии зерин танзим карда мешавад:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
Созишномаҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд;
Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.04.2017 таҳти №868 тасдиқ шудааст.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кист?
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – шахсе мебошад, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандии дигар давлатро низ дорад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон нишон дода шудаанд.

Кадом ҳуҷҷатҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд?
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шиносномаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кадом ҳуҷҷатҳо вобаста ба гирифтани ё қатъ кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд?
Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои кӯдаконе, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, дар бораи мансубияти онҳо ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гузошта мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани гузоштани қайд дар ҳуҷҷатҳои кӯдакон, ба онҳо маълумотнома дода мешавад, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои хориҷӣ шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” қатъ гардида, шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳномаи иқомат баpoи шахсони бешаҳрванд медиҳанд ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд. Барои аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахси бешаҳрванд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷати дахлдор дода мешавад.
Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” қатъ ёфта, шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои хориҷӣ шаҳодатнома баpoи шахсони бешаҳрванд медиҳанд, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият дароварда шудааст ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд.