Ёдоварӣ аз қурбониёни муҳосираи Ленинград дар Санкт-Петербург

on 26 январи 2019
Назарҳо: 1766

26 январи соли 2019 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар маросими тантанавӣ-мотамии гузоштани гул ва гулчанбарҳо ба муносибати 75-солагии озод намудани Ленинград аз муҳосираи фашистӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қабристони ёдгории Пискарёв баргузор шуд, иштирок намуд.


      Дар маросими гузоштани гул ва гулчанбарҳо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко, Намояндаи мухтори Президенти ФР дар ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб Александр Гутсан, иҷрокунандаи вазифаи Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов, аъзоёни ҳукумати Санкт-Петербург, Раис ва вакилони Маҷлиси Қонунбарори Санкт-Петербург, губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко, аъзоёни ҳукумат ва вакилони Маҷлиси Қонунбарори вилояти Ленинград, судяҳои Суди Конститусионӣ, фармондеҳони Флоти ҳарбӣ-баҳрии Россия ва ҳавзаи ҳарбии Ғарб, вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ветеранҳо ва муҳосирашудагон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳр, рӯҳониён ва корпуси дипломатӣ иштирок карданд.
      Д.Назризода аз номи Консулгарии генералӣ дар назди муҷассамаи “Модар-Ватан” ва лавҳаи хотиравӣ бахшида ба ҷанговарони тоҷикистонӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардидаанд, гулчанбар ва гулҳо гузошт.