Вохурии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Нозироти давлатии меҳнат дар ш.Санкт-Петербург

on 20 март 2019
Назарҳо: 1414

20 марти соли 2019 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо сардори Нозироти давлатии меҳнат дар ш.Санкт-Петербург Александр Котов баргузор гардид.

 

      Дар вохурӣ масъалаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар пойтахти фарҳангии Федератсияи Россия, инчунин вайронкунии қонунгузории меҳнатӣ ва мушкилиҳо оид ба пардохт нагардидани музди кории муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гардиданд. Зимни мулоқот дипломати тоҷик қайд намуд, ки шаҳрвандони тоҷик дар рушди иқтисодиёти Россия ва дар беҳбудӣ бахшидан ба шароити зиндагии аҳолӣ саҳмгузоранд. Дар баробари ин баъзе аз муҳоҷирон бинобар надонистани қонунгузорӣ ва забони русӣ ба мушкилиҳои роҷеъ ба кортаъминкунӣ ва кумаки ҳуқуқӣ, дучор мешаванд. “Боиси таасуф аст, ки аз оғози фаъолияти муассисаи консулӣ дар ш. Санкт-Петербург қариб ҳар рӯз шаҳрвандони мо бо аризаи шикоятӣ нисбати корфармоён оид ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ва пардохт нагардидани музди меҳнатиашон муроҷиат менамоянд. Одатан сабаби сар задани чунин мушкилиҳо аз надонистани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии меҳнатии Россия мебошад, ки ба корфармоёни бевиҷдон имкон медиҳанд бидуни ба  расмият даровардани шартномаи меҳнатӣ ва пардохти музди меҳнат ба муҳоҷирон аз ҷавобгарӣ гурезанд”.

Ҳамзамон дар вохурӣ механизмҳои амалкунанда роҷеъ ба барасмиятдарории муносибтҳои меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори Нозироти меҳнат Александр Кротов барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин смат изҳори омодагӣ намуда, таъкид кард, ки “дар мавриди ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ Нозирот метавонад воситаи ҳамкории амалкунанда миёни сохторҳо бошад”.

    Дар фарҷоми гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоси доимӣ ҷараён дода, оид ба мушкилиҳои меҳантии шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба ҳамдигар кумаки фаврӣ мерасонанд.

 

 

 

давлатии меҳнат