ГЕНЕРАЛЬНОЕ КОНСУЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
В ГОРОДЕ САНКТ-ПЕТЕРБУРГЕ

 

 

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон !!!

on 23 января 2022
Просмотров: 597
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон!!!
Дируз дар расонаҳои иҷтимоӣ оид ба бедарак шудани шаҳрванди 18 солаи ҶТ Муминова Малика дар Санкт-Петербург маълумот паҳн шуд.
 
Бо мақсади пайгирии ин ҳодиса шаби ҳамон руз Консулгарии генералӣ бо аҳли хонаводаи шаҳрванд тамос гирифта маълум кард, ки бегоҳии дируз хонум Муминова М. дар истгоҳи нақлиёт худро нороҳат ҳис карда аз ҳуш рафтааст. Бо кумаки ронандаи автобус ва мусофирон духтар ба шифохонаи наздиктарин бурда расонида шуд. Пас аз ёрии таббӣ шаҳрванд бо пайвандони худ дар тамос шуда аз худ дарак кардааст.
Чуноне, ки волидайни Малика ба мо хабар доданд, вазъи саломатии у хуб аст.