Иштироки Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД

on 30 октябри 2017
Назарҳо: 1245

30 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.
Нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баъди баррасии вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи таъмини амнияти кафолати мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муайян карда шуданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоти сайёра, таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба амнияти кишварҳои аъзо ва зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷалб карда, иброз доштанд, ки афзоиши терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар назди мо вазифаҳои навро мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар диққати шариконро ба тақвият додани таҳкими ҳифз ва ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷалб намуданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки Нақшаи амалигардонии Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ то соли ду ҳазору бисту панҷ ва қарорҳои имрӯз қабулшуда дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор барои таъмини амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмон ҳиссагузор хоҳад буд.
Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Баёнияи муштараки Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба 25-солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15-солагии таъсисёбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қабул гардид.