Печать

Таҷлили 25-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

on 16 ноябри 2017
Назарҳо: 733

Рӯзи 16 ноябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин

солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода, раисони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳамватанон, аҳли илму фарҳанг, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии шаҳр таҳсил мекунанд, иштирок доштанд.
Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати ҷашн табрик гуфта, роҷеъ ба таърихи пайдоиши он ва рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият, аҳамияти баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақдири минбаъдаи давлат ва мардуми кишвар ибрози андеша намуд.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки халқи тоҷик дар ин давраи тақдирсоз роҳбару роҳнамои мардумии худро пайдо намуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳуриро аз ҳолати буҳронӣ берун оварда, тариқи музокирот сулҳу осоишро таъмин намуд, зимни роҳандозӣ намудани ислоҳоти сартосарӣ онро ба сатҳи тамоман дигар баровард.
Сипас Имомуддин Мирзоевич дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, мустаҳкам шудани эътибори ҷумҳурӣ дар асраи байналмилалӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти пурсамари роҳбари давлат мебошанд, маълумот дод.
Дар баромадҳои худ иштирокчиёни ҷамъомад ба рушди кишвар дар солҳои истиқлолият баҳои баланд дода, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳайти ҷумҳурӣ ибрози назар карданд. Дар баъзе баромадҳо роҷеъ ба дастгирии баъзе ташаббусҳо таклифу дархостҳо садо доданд.
Дар охир Имомуддин Сатторов роҷеъ ба баъзе масъалаҳои дар баромадҳо садодода назари худро иброз намуда, ба саволҳои ҳозирин посух дод.