Печать

190-солагии Аҳмади Дониш дар Қасри Таврикӣ қайд гардид

on 07 сентябри 2017
Назарҳо: 745

7 сентябри соли 2017 дар Қасри Таврикии Санкт-Петербург Конфронси байналмилалии ҷамъиятӣ-илмӣ «Россия-Тоҷикистон: гузашта, ҳозира ва оянда» бахшида ба 190-солагии мутафаккир, маорифпарвар, шоир ва нависандаи бузурги тоҷик Аҳмади Дониш баргузор шуд. Конфронс аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониҳои Санкт-Петербург «Аҷам» бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург доир гардид. Дар конфронс олимон аз Россия ва Тоҷикистон, намояндагони маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ иштирок карданд. Дар суханронии шодбошии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода аҳамияти мавзӯъи муҳокимашавандаро қайд намуда, илова кард ки дар доираи он ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ кардан мумкин аст. Конфронс бо баҳси васеи илмӣ ва табодули назар идома ёфт. Маърӯзаҳо оид ба мавзӯъҳои муҳим шунида шуда, таваҷҷуҳи хосаи ҳозиринро ҷалб карданд. Аз ҷумла, дар маърӯзаи худ М.А. Усмонов таъсири мероси Аҳмади Донишро ба равандҳои мутобиқшавӣ ва ҳамгироӣ дар Россия ва ташаккули характери муҳоҷирони муосир аз давлатҳои Осиёи Марказӣ кушод. А.В. Посадский, профессори Донишкадаи Смолний дар бораи меросии фарҳангии Аҳмади Дониш сухан ронд, узви Иттифоқи нависандагони Россия В.Н. Кокосов оид ба қаҳрамониҳои фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ маълумот дод. Дар рафти музокира иштирокчиён оид ба имконияти табодули таҷриба ҳангоми омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун ибрози назар намуда, инчунин зарурати идомаи муколамаи фарҳангӣ ва мубодилаи донишҷӯёнро зикр карданд. Дар фарҷоми конфронс қатъномае қабул гардид, ки дар он мақсади абадӣ гардонидани хотираи Аҳмади Дониш дар Санкт-Петербург тавассути гузоштани ҳайкали ин мутафаккир, маорифпарвари ва дипломати бузурги тоҷик зикр ёфтааст.