Печать

Боздиди Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон И.Сатторов аз Пажуҳишгоҳи дастхатҳои шарқӣ

on 16 март 2017
Назарҳо: 734

16 марти соли 2017 дар рафти сафари худ ба Санкт-Петербург Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов аз Пажуҳишгоҳи дастхатҳои шарқии Академияи илмҳои Россия боздид ба амал овард.
Дар вохӯрӣ бо директори пражуҳишгоҳ доктори илмҳои таърих Ирина Попова роҷеъ ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг табодули назар сурат гирифт.
Директори пажуҳишгоҳ И.Попова зикр кард, ки Пажуҳишгоҳи дастхатҳои шарқии АИР куҳантарин муассисаи шарқшиносии Россия буда, дастхатҳои маҳфузи он яке аз 2-3 коллексияи бузургтарин ва арзишмандтарини ҷаҳон мебошанд.
Зимни мулоқот ҳамчунин саҳми калони Бобоҷон Ғафуров, директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС (солҳои 1956-1977) дар рушди шарқшиносӣ ва сарчашмашиносӣ таъкид гардид.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз осорхонаи таърихи шарқшиносии ватанӣ дидан кард. Экспозитсияи осорхона роҷеъ ба ташаккулёбии коллексияи он, ки имрӯз 115 ҳазор дастхатро бо забонҳои мурда ва зиндаи шарқӣ дар бар гирифтааст, оид ба фаъолият ва тақдири олимони шарқшинос, дипломатҳо ва экспедитсияҳои муҳимтарин ба Шарқ маълумот медиҳад.
Директори пажуҳишгоҳ Сафири Тоҷикистонро бо дастхатҳои нодири фарҳангу илми тоҷикӣ-форсӣ, ки дар пажуҳишгоҳ маҳфузанд, шинос кард.
Дар рафти сафар вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Санкт-Петербург Юрий Бурчаков баргузор шуд.
Дар суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Санкт-Петербург муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати фаъол намудани тамосҳои байни доираҳои соҳибкории ду давлат ба хотири таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ изҳори омодагӣ карданд.
Дар вохӯриҳои зикршуда Консули генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода иштирок дошт.