Ҷашнгирии Наврӯз дар пойтахти шимолии Россия

on 19 март 2017
Назарҳо: 759

19 марти соли 2017 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки дар Хонаи фарҳангии «Молодёжный» баргузор шуд, ширкат варзид. Ин чорабинӣ, ки қариб 400 наварро ҷамъ оварда буд, бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии минтақавии «Помир» баргузор гардид.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди ҳозирин бо суханони табрикӣ баромад карда, ҷашнро ба ҳамватанон муборакбо гуфт, ба онҳо сулҳу осоиш, некиву некӯаҳволӣ орзу намуд. «Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои маънавӣ, ҷашну анъанаҳои миллӣ эҳё мешаванд, ки миёни онҳо ҷашни Наврӯз ҷойгоҳи махсус дорад. Ва имрӯз мо миқёси ҷӯғрофии ин ҷашнро васеъ карда, дӯстию ҳамкориро бо халқҳои дигар тавсеа мебахшем» - зикр кард. Консули генералӣ.
Дар чорабинӣ ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик, роҳбари ИҶМ «Помир» Бахтибек Бердов ва муовини директори Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург Дмитрий Федотов бо суханони табрикӣ баромад кард, аҳамият ва арзишмандии ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва муттаҳидии халқҳои гуногунро тариқи ин ҷашн зикр намуданд.
Наврӯз баҳор ҷашн гирифта шуда, тимсоли ба пуррагӣ фарорасии он ва рафтани зимистон аст ва ба ин хотир чорабинии ҷашнӣ бо намоиши афсонаи «Фаслҳои сол» оғоз ёфт.
Намоиши либоси анъанавии миллӣ ба чорабинӣ зебоию назокати хоса эҳдо кард. Дар саҳна бо либоси зебо ва рақсҳои миллӣ духтарон аз дастаи ҳунарии «Парӣ» баромад карда, бинандагонро мафтуни рақсҳои зебои худ карданд. Мутасаддии барномаи мусиқии чорабинӣ устодони санъат буданд, ки бо сурудҳои худ хотири меҳмононро шод намуданд.