Печать

Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва намояндагони диаспораи тоҷики муқими Санкт-Петербург

on 15 март 2017
Назарҳо: 1556

15 марти соли 2017 дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо долнишҷуёни тоҷикистоние, ки дар мактабҳои олии пойтахти фарҳангии Россия таҳсил мекунанд, вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни суханронии худ Сафири Тоҷикистон И.Сатторов ба ҳозирин дар бораи муносибатҳои Тоҷикистон бо Россия маълумот дод. Зикр гардид, ки имсол 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия қайд карда мешавад.
Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки татбиқсозии муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон дар макази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти нақши ҷавонон дар рушди Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд.
Дар рафти суҳбат донишҷӯёни тоҷик бо таклифҳои гуногшун роҷеъ ба беҳсозии шароитҳои таҳсил ва зисти худ, инчунин баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ баромад карданд.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо намояндагон ва фаъолони диаспораи тоҷики муқими Санкт-Петербург доир гардид. Дар оғози суҳбат Сафири Тоҷикистон дар бораи ҷораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳалли маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар Россия маълумот дод. Роҷеъ ба аҳамияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Россия И.Сатторов зикр намуд, ки рушди робитаҳои бисёрҷанбаи дӯстона ва ҳамкории судманд бо Россия ва субъектҳои алоҳидаи он дар сиёсати хориҷии мо ҷогоҳи махсусро ишғол мекунад.
Ба ҷилавгирӣ намудан аз ҷалби муҳоҷирони ҷавони меҳнатӣ ба сафҳои гуруҳҳои манъшудаи тундгаро диққатьи махсус дода шуд. Нақши диаспора дар раванди ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳи миёни муҳоҷирон, бахусус ҷавонон таъкид гардид. Сафири Тоҷикистон ба Муҳаммадназар Мирзода барои кори самаранокаш ба сифати Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар рафти суҳбати эътимодбахш бо намояндагони диаспораи тоҷик як қатор масъалаҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дучор мешаванд, баррасӣ шуд.
Дар вохӯриҳои зикршуда ва муҳокимарониҳо Консули тозатаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода, Роҳбари Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ашраф Гулов, Роҳбари Намояндагии Вазорати муҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Зоҳир Мирзоев иштирок карданд.