Печать

Ҷашнгирии Рӯзи ҷавонон дар Санкт-Петербург

on 23 майи 2017
Назарҳо: 737

23 майи соли 2017 дар Хонаи фарҳанги «ФОРПОСТ»-и Санкт-Петербург чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
Зимни суханронии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода ҳозиринро ба ҷашн табрик намуда, роҷеъ ба роҳандозии сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлат иттилоъ дод. Дар муроҷиати худ ба донишҷӯён дипломат суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос овард: «Ҷавононе, ки ҳапқиқатан Ватани худро дӯст медоранд ва рушду шукуфоии онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, таҷрибаи ҷаҳонии идораи иқтисод огаҳӣ дошта бошанд ва мунтазам барои ҳифзи манфиатҳои давлати худ ва халқи худ кӯшиш намоянд».
Рӯзи ҷавонони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург бори аввал ҷашн гирифта шуд. Имсол ба масъалаҳои ҷавонон аҳамияти бештар дода мешавад, зеро дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон соли равон Соли ҷавонон эълон гардид.
Ба барномаи консертии тантана суруду рақсҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, стенд-апу намоишҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти донишҷӯён, намоиши либосҳои миллӣ ворид буданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Ҷамъияти ҷавононии донишҷӯёни Тоҷикистон (Молодежное общество студентов Таджикистана (МОСТ) баргузор гардид.