Иштироки Консули генералии Тоҷикистон дар маросими супурдани дипломҳо ба хатмкунандагон факултети тайёркунии мутахассисони хориҷии Донишгоҳи Санкт-Петербургии ВКД Россия

on 07 июни 2017
Назарҳо: 985

7 июни соли 2017 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар маросими супурдани дипломҳо ба хатмкунандагони факултети тайёркунии мутахассисони хориҷии Донишгоҳи Санкт-Петербургии ВКД Россия, ки дар Толори мармарии Ёдгории муҳофизони қаҳрамони Ленинград баргузор гардид, ширкат варзид.
Миёни хатмкунандагони имсола кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷи наздику дур, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буданд. Онҳо муваффақона имтиҳонҳои давлатиро супорида ва дипломи хатмкунии муассисаи таҳсилотиро аз рӯи ихтисосҳои зерин соҳиб шуданд: «Таъмини ҳуқуқии амнияти миллӣ», «Ташхисоти судӣ» ва «Равоншиносии фаъолияти хизматӣ».
Сардори донишгоҳ генерал-лейтенанти политсия В.А.Кудрин шунавандагонро ба муносибати хатми донишгоҳ табрик намуда, ба онҳо рушди касбӣ ва дар фаъолияти хизматиашон комёбиҳо орзу намуд. Дар муҳити тантанавӣ ба хатмкунандагони беҳтарини донишгоҳ ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва раҳматномаҳо супориданд. Чун анъана сардори донишгоҳ аввалин шуда ба хатмкунандагон диплом супорид.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода ба хатмкунандагони тоҷикистонӣ диплом супорида, онҳоро ба ин муносибат табрик намуд.