Печать

Маросими тантанавӣ-мотамии гулу гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории «Модар-Ватан»-и қабристони Пискарёв

on 27 январи 2018
Назарҳо: 713

27 январи соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар маросими тантанавӣ-мотамии гулчанбаргузорӣ бахшида ба 74-умин солгарди аз муҳосира озодшаваии шаҳри Ленинград, ки дар қабристони Пискарёв баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар маросим раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, намояндаи ваколатдори Президенти ФР дар Минтақаи федералии шимолу ғарбӣ Александр Беглов, губернатор Георгий Полтавченко, раиси Маҷлиси қонунгузорӣ Вячеслав Макаров, намояндагони мақомоти ҳокимияти шаҳр ва вилоят, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои динӣ ва иҷтимоӣ, собиқадорон ва сокинони Ленингради муҳосирашуда иштирок доштанд.
Ин чунин дар ин марака собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсоне дар муҳосира буда, намояндагони корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳр, муассисаҳои ҳарбӣ ва таълимӣ иштирок карданд.
Муҳосираи Ленинград 8 сентябри соли 1941 оғоз шуда, то 27 январи соли 1944 давом кард. Дар давоми ин муддат ба шаҳр 150 ҳазор снаряд ва 15 ҳазор бомба партофта шуд. Ҳадди ақали меъёри нон дар зимистонаи қаҳратуни солҳои 1941-1942 ба 125 граммӣ рост меомад. Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи таърихшиносони муҳосира ва муҳорибаи Ленинград, шумораи фавтидагон аз гуруснагӣ, сармо ва бомбапартоӣ 800 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар давоми мудофиа ва озодкунии шаҳр 2 миллион сарбозон қаҳрамонона ба ҳалокат расид. 900 шабонарӯзи мудофиаи қаҳрамононаи истеҳкомоти Нева дар таърихи инсоният чун далерии бемисл боқӣ монданд.