Печать

Мулоқоти зиёиёни эҷодкори тоҷик бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик

on 10 феврали 2018
Назарҳо: 1106

10 феврали соли 2018 дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии зиёиёни эҷодкори тоҷик бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик баргузор гардид.

Дар мулоқот кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони зиёиёни эҷодкори тоҷик, аз ҷумлаи олимон, устодони мактабҳои олӣ, духтурон ва ходимони фарҳанги Санкт-Петербург ширкат варзиданд.
Дар баромади худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар бораи фаъолияти муассисаи консулӣ, оид ба тадбирҳо ҷиҳати дастгирии ҳамватанони хориҷӣ, роҷеъ ба нақши диаспораи тоҷик дар эҷоди симои мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ибрози андеша намуд. Ӯ ҳамчунин дар бораи мушкилоте, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дучор меоянд (напардохтани музди меҳнат, раванди мураккаби омода намудани ҳуҷҷатҳо ва дигарҳо) ҳарф зада, ба саволҳои ҳозирин посух дод.
Дар назди ҳозирин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ва Иттиҳодияи ҷамъиятии минтақавии «Помир» Бахтибек Бердов, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониҳои Санкт-Петербург «Аҷам» Мурод Усмонов баромад карданд. М.Усмонов сабти видеоиеро роҷеъ ба чорабиниҳои баргузорнамуда ва фаъолияти ташкилот, ки шомили Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик аст, муаррифӣ намуд.
Ҳамаи баромадкунандагон зарурати корбариро ҷиҳати беҳтар намудани фазои муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург ва кумак ба ҳамватанони худро, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Санкт-Петербург меоянд, мутобиқгардонӣ ва ҳамгироии онҳоро ба ҳаёт дар чунин мегаполиси бузург - шаҳри соҳили Нева таъкид карданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати беҳтар намудани имиҷи тоҷикон дар назари петербургиҳо таклифҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, мудири дармонгоҳи шаҳри Любани вилояти Ленинград А.А. Иброҳимов пешниҳод намуд, ки ҳамватанони ба ёрӣ ниёздоштаро тариқи ройгон қабул карда, машварат медиҳад. Номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъмини барқи корхонаҳо ва электротехнологияи Донишгоҳи кишоварзии Санкт-Петербург З.Ш. Юлдошев роҷеъ ба кумак кардан ҷиҳати омодасозии кадрҳои ихтисосманд барои иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, ки кишвари дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ба он ниёз дорад, изҳори омодагӣ намуд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ санъаткорони гурӯҳҳои ҳунарии Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик ба ҳозирин барномаи консертие иборат аз суруду рақсҳои миллӣ пешкаш карданд.
Вохӯрӣ бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониҳои Санкт-Петербург «Аҷам» ва дастгирии Хонаи миллатҳои Санкт-Петербург сурат гирифт.