Печать

Ҷашни Наврӯз дар Санкт-Петербург

on 26 март 2018
Назарҳо: 1065

24 марти соли 2018 бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик дар тарабхонаи “Bravo Loudes" Рӯзи байналмилалии Наврӯз ботантана ҷашн гирифта шуд.

Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти давлатии шаҳр, ҳамватанони муқими Санкт-Петербург аз ҷумлаи ходимони илму фарҳанг, соҳибкорон, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳузур доштанд.

Зимни суханронҳои худ Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯзи фархундапай – рамзи баҳору зебоӣ табрик намуд. Ӯ қайд кард, ки Наврӯзи куҳантаърихи мо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу шаҳомати нав касб кардааст, фарҳанги наврӯзӣ ба арзишҳои миллии мо мазмуни нав зам мекунад. Наврӯз дар рӯи замин сол то сол доираи ҷашнгирии худро васеътар месозад ва имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси василаи наздиксозии инсонҳову фарҳангҳо, таҳкими дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ хизмати судмандеро ба ҷо меорад.
Ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик, раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Помир» Б.Бердов, намояндаи “Хонаи миллатҳо”-и шаҳри Санкт-Петербург ва дигарон бо суханони табрикӣ баромад карданд.
Дар ҷамъомади идона ҳунармандон суруду оҳангҳои миллиро иҷро карданд, намоиши либосҳои миллӣ ва викторинаҳо гузаронида шуд. Ба иштирокчиён таомҳои миллӣ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин рӯзи 23 март дар бинои клуби боксёрии “Сатурн”, воқеъ дар ҳудуди маркази фурӯши яклухти “Салова”, ки дар он ҷо теъдоди муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд, ҷамъомади наврӯзӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки роҳбарии клубро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Алиев ба ӯҳда дорад. Дар рафти чорабинӣ мусобиқа доир ба бокс ва гуштини миллӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад низ кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аҳли ходимони илму фарҳанг, соҳибкорон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳузур доштанд.
Инчунин дар назар аст, ки рӯзи 30 март дар бинои Консулгарии генералӣ ҷани Наврӯз бо иштироки донишҷӯён ва теъдоде аз ҳамватанони муқими Санкт-Петербург таҷлил карда хоҳад шуд.