Ҷашни Наврӯз дар Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

on 02 апрели 2018
Назарҳо: 2127

30 марти соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Дар ҷамъомад вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ҳамватанони муқими Санкт-Петербург аз ҷумлаи роҳбарону аъзоёни ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.

Зимни суханронии худ Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Ӯ зикр кард, ки дар кишвари мо Наврӯзи некӯқадам бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сазовореро соҳиб шуда, ҳамасола дар сартосари ҷумҳурӣ бо ҷилваю зебоии хоса ҷашн гирифта мешавад. Дипломати тоҷик қайд намуд, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ва дигар субъектҳои Федератсияи Россия, ки ба ҳавзаи консулӣ шомиланд, ҳамватанон ҷашнгирии Наврӯзро ҳамроҳ бо дӯстони россиягии худ ба ҳукми анъана даровардаанд. Бо истифода аз ҷашнҳои наврӯзӣ ҳамватанон кишвари худ, мардуми худ, фарҳанги худро муаррифӣ мекунанд, доираи дӯстони худро васеъ мегардонанд. Д.Назризода афзуд, ки имсол Консулгарии генералӣ ҳамроҳ бо Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик Наврӯзро бисёр хотирмон ҷашн гирифт, имрӯз бошад муассисаи консулӣ ташаббуси Шӯрои ҷавонони Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, дар бинои муассиса барои баргузор намудани ин ҷашни зебо шароит ба вуҷуд овард. Консули генералӣ илова кард, ки соли равон аз ҷониби Роҳбари давлатамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ва ин аз мо тақозо дорад, то дар кишвари иқомат дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом бирасонем.
Дар ҷамъомад муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидов ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфта, аз донишҷӯён тақозо намуд, ки бо истифода аз имкони дастдода муваффақона таҳсил намоянд, соҳибкасб шаванд, то дар оянда ба халқу кишвари худ содиқона хизмат намоянд.
Дар ҷамъомади идона дастаи ҳунармандони донишҷӯ суруду оҳангҳо ва рақсҳои миллиро иҷро кард, чанд композитсияи мусиқӣ аз ҷониби овозхон ва мутриб Алишер Солиев пешкаши тамошобинон гардид. Барои донишҷӯён викторина ва озмунҳои ҷолиб роҷеъ ба донистани анъанаҳои наврӯзӣ баргузор шуд. Дар охир ба иштирокчиёни ҷамъомад таомҳои миллӣ пешниҳод гардид.