Вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳоли вилояти Ленинград

on 10 майи 2017
Назарҳо: 1496

10 майи соли 2017 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Ленинград Алексей Бритсун баргузор гардид.


Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар ин маврид ба мушкилоти ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Консули генералӣ қайд кард, ки Тоҷикистон ва Русия дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкории зич доранд. Дипломати тоҷик ба баъзе мушкилоте, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зимни ба кор омадан ба Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дучор шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Аз ҷумла, зарурати қонунигардонии иқомати шаҳрвандон дар қаламрави Русия зикр карда шуд.
Игор Бритсун нуқтаи назари ҳамсуҳбати худро дастгирӣ намуда, қайд кард, ки ширкату корхонаҳои вилояти Ленинград ба ҷалби захираҳои меҳнатӣ ниёз доранд. Ӯ зикр намуд, ки қувваи корӣ на танҳо ба ширкатҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои саноатӣ заруранд, балки муассисаҳои тиббӣ низ барои қабули кормандони хурди соҳаи тиб манфиатдоранд. Раиси Кумита ба хотири нисбатан мақсаднок ҷалб кардани қувваҳои корӣ пешниҳод намуд, ки намояндагии кумита дар Тоҷикистон кушода шавад, то шаҳрвандоне, ки ҳанӯз дар Ватананд, тавонанд ҷойҳои кориро муайян кунанд, ҳуҷҷатҳои заруриро гиранд ва ҳамаи маълумоти заруриро дарёфт намояд.
Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин масъалаи ҷалби ҷавонон ба таҳсил ва омодасозӣ аз рӯи ихтисосҳо баррасӣ шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати ҷараён додани тамос ва тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карданд