23 июли соли 2017 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо намояндагони диаспораи тоҷики муқими Санкт-Петербург дар қаҳвахонаи «Баҳористон» вохӯрд.
Д.Назризода дар бораи фаъолияти Консулгарии генералӣ, ки ба қарибӣ дар пойтахти шимолии Россия кушода шуд, роҷеъ ба самтҳои гуногуни ҳамкории байни Тоҷикистон ва Россия, оид ба хизматрасонии консулӣ ва кумаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамкории муассисаи консулӣ бо диаспораи тоҷик маълумот дода, инчунин ба саволҳои ҳозирин муфассал посух дод. Ӯ ба ҳамаи ҳамватанон-зодагони ноҳияҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мавқеи фаъолонаи шаҳрвандиашон ҷиҳати мустаҳкам кардани робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Россия изҳори миннатдорӣ намуд.
Дигар баромадкунандагони ҷамъомад зарурати баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатиро зикр намуда, дар ин маврид нақши асосии ҷавонони диаспораи тоҷикро таъкид намуданд.
Вохӯрӣ бо шоми эҷодии овозхони номии тоҷик Аюбҷон Қурбонов бахшида ба Соли ҷавонон идома ёфт. Меҳмонон барои консерт ва дастархони идона ба ташкилотчиёни чорабини дар чеҳраи Иттиҳодияи ҷамъиятии минтақавии «Аҷам» изҳори сипос карданд.