Печать

Вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон бо сардори Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират

on 14 ноябри 2017
Назарҳо: 999

14 ноябри соли 2017 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо сардори Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Россия оид ба ш.Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Владимир Минченко баргузор гардид.


Зимни суҳбати созгорона дипломати тоҷик қайд кард, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти Россия иштирок карда, дар беҳсозии сатҳи зисти аҳолӣ ҳисса мегузоранд. Дар баробари ин баъзеҳо бо мушкилоти вобастаи ба кор даромадан ва кумаки ҳуқуқӣ аз сабаби надонистани забони русӣ ва қонунгузории Россия дучор меоянд. Аз ин сабаб аз ҳамкории бевоситаи Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират бо Консулгарии генералӣ бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Барои он ки шаҳрвандон масъалаҳои худро саривақт ҳал созанд, дар қаламрави Федератсияи Россия будубош ва кор кунанд, зарур аст, ки бо мушкилоти пешомадаи онҳо бо дарки масъала ва беистиҳола муносибат карда шавад.
Сипас роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар сурат гирифт.
Дар фарҷоми гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоси доимӣ ҷараён дода, оид ба масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ба ҳамдигар кумаки фаврӣ мерасонанд.