Печать

Вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон бо Намояндаи ВКХ Россия дар ш.Санкт-Петербург

on 10 феврали 2017
Назарҳо: 753

10 феврали соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода бо Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар ш.Санкт-Петербург Владимир Запевалов баргузор гардид.
Владимир Запевалов Давлаталӣ Назризодаро бо таъйин шуданаш ба вазифаи Консули генералӣ ва ҳамчунин бо кушодашавӣ ва оғози кори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург табрик намуд.
Дар навбати худ дипломати тоҷик ба фаъолияти муштараки пурмаҳсули ҳарду муассиса изҳори умед карда муҳим будани ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои Россия, ки дар ҳудуди ҳавзаи консулӣ ҷойгир мебошанд, қайд намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои оғози фаъолияти муассисаи консулӣ, пайдо намудани бино ва фароҳам овардани шароити корӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо оид ба нигоҳ доштани алоқаи доимӣ ва машваратҳо дар ҳолати зарурӣ, барои ҳалли масъалаҳои фаъолияти муассисаи консулӣ ба мувофиқа расиданд.