Иштироки Консули генералии Тоҷикистон дар Фестивали XIII-уми байналмилалии фарҳангҳои миллӣ

on 11 апрели 2017
Назарҳо: 651

11 апрели соли 2017 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар маросими кушодашавии ботантанаи Фестивали XIII-уми байналмилалии фарҳангҳои миллӣ дар Донишгоҳи давлатии телекоммуникатсияи Санкт-Петербург ба номи профессор М.А.Бонч-Бруевич иштирок намуд.
Дар доираи чорабинӣ вохӯрии Консули генералӣ бо проректори донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ Ирина Албертовна Алексеенко доир гардид. Давлаталӣ Назризода масъалаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳ ва ҳамкории минбаъдаро бо муассиса ба миён гузошт. Дипломати тоҷик зикр намуд, ки дар донишгоҳ барои сифатан ва ҳамаҷониба омода кардани мутахассисони баландихтисос, ҳам ихтисосҳои техникӣ ва ҳам ихтисосҳои гуманитарӣ, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Шоистаи зикр аст, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон низ дар ин муассиса маълумоти олӣ мегиранд ва айни замон шумораи онҳо қариб ба 20 нафар мерасад.
Баъд аз анҷом ёфтани қисми расмии чорабинӣ барои меҳмонон дар донишгоҳ экскурсия ташкил карда шуд. Дар Осорхонаи ДДТСПб меҳмононро бо таърихи 86-солаи МТО шинос намуда, дастовардҳои охирини НОЦ «ТИОС» дар соҳаи техникаи роботии кайҳонӣ ва студияи технологияҳои олии радиошунавонӣ, видео ва овозсабткунии НОЦ «Медиацентр»-ро намоиш доданд.