Консули генералии Тоҷикистон ҳамватаноро бо Иди Рамазон табрик намуд

on 25 июни 2017
Назарҳо: 1461


25 июни соли 2017 дар Санкт-Петербург мусулмонон яке аз идҳои асосии худ - Иди Рамазонро қайд намуданд. Дар намозгузории идона дар Хонаи намозгузории майдони “Сенной” ва гирду атрофи он қариб 8 ҳазор нафар мусулмонон, аз ҳисоби сокинон ва меҳмонони минтақаи Петербург ҷамъ омаданд, ки аксари онҳоро тоҷикистониён ташкил медоданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода дар назди ҳозирин баромад намуда ба онҳо осудаҳолӣ, фаровонӣ ва некиро орзу кард.
Д.Назризода қайд кард, ки дар байни шаҳрвандони ҳозирин теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок доранд. Айни замон Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшиш карда истодааст, ки маблағҳои бо меҳнати ҳалол бадастомадаи муҳоҷирон дар Россия ба рушди иқтисодиёти кишвар ва беҳ гардонидани шароити зисти мардум равона карда шаванд. Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мардумро аз хароҷоти нодаркор ва дар бисёр ҳолатҳо ғайриимкони молиявӣ, барои гузаронидани ҷашнҳои тӯёна ва маросимҳои азо, озод намуд. Риояи қонун шароит фароҳам овард, ки аҳоли маблағҳои калони пулиро пасандоз намуда барои ояндаи фарзандон сарф намояд.