Вохӯрии Консули генералӣ бо фаъолони диаспораи тоҷик

on 14 июли 2017
Назарҳо: 1499

14 июли соли 2017 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва фаъолони диспораи тоҷики Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баргузор гардид.
Консули генералӣ қайд кард, ки дар муддати на он қадар вақти зиёд, ки муассисаи консулӣ фаъолият мекунад, аз дастгирӣ ва кӯмаки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва фаъолони дисапораи тоҷики Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бархурдор аст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамгироии Консулгарии генералӣ ва диаспораи тоҷик баррасӣ шуданд. Пешниҳод карда шуд, ки барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ташкил намудани шӯроҳо ва бо мақсади беҳтар намудани симои Тоҷикистон фонди хайриявӣ ташкил карда шавад.
Иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳод намуданд, ки чунин вохӯриҳо барои ҳалли масъалаҳои мавҷудияти диаспораи тоҷик ҳар моҳ гузаронида шаванд. Консули генералӣ пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намуда, дар навбати худ ба ҳамватанон барои майлу рағбаташон барои кори умумӣ миннатдорӣ баён намуд.