Гузоштани гулу гулчанбарҳо дар қабристони ёдгории Пискарёв

on 08 майи 2018
Назарҳо: 1961

8 майи соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо ҳамроҳии кормандони муассисаи консулӣ дар маросими ботантана-мотамии гузоштани гул ва гулчанбарҳо ба муносибати 73-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қабристони ёдгории Пискарёв иштирок намуд.

Дар маросим Намояндаи мухтори Президенти Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии шимолӣ-ғарбӣ Александр Беглов, Губернатори Санкт-Петербург Григорий Полтавченко, судяҳои Суди Конститусионӣ, намояндагони Маҷлиси Федералӣ ва Думаи давлатӣ, ветеранҳои Ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси консулӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои касаба иштирок карданд.
Д. Назризода аз номи Консулгарии генералӣ дар назди муҷассамаи “Модар-Ватан” ва лавҳаи хотиравӣ бахшида ба ҷанговарони тоҷикистонӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардидаанд, гулчанбар ва гулҳо гузошт.

P1010162 P1010172