Печать

Мизи мудавар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

on 23 майи 2018
Назарҳо: 866

     23 майи соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо ибтикори Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон ва дастгирии муассисаи консулӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.


     Мизи мудаввар нахустин чорабинии баргузорнамудаи Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон дар ин самт мебошанд ва мавзӯъҳои муҳокимашаванда ба ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷавонони Тоҷикистон марбут буданд. Дар ҷамъомад намояндагони ҷавонон чанд масъалаи муҳими вобаста ба ҳаёти ҷавонони Тоҷикистонро, бо шумули онҳое, ки дар хориҷа, аз ҷумла, дар Россия сукунат доранд, таҳлил ва муҳокима намуданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои сафарбар кардани ҷавонон ба корҳои созанда, истифодаи имкониятҳо ҷиҳати гирифтани дониш, ҷилавгирӣ аз тамоюли иддае аз ҷавонон ба тундгароӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.
     Дар чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлатали Назризода иштирок карда, роҷеъ ба масъалаҳои мубраме, ки ба ҳаёту фаъолияти шаҳрвандони ҷавон дахл доранд, инчунин имкониятҳои ҳалли чунин мушкилот ибрози андеша намуд.
     Дар навбати худ донишҷуён ба шавқи калон дар баҳсе, ки барои ибрози фикру мавқеи иштирокчиён роҷеъ ба ҳар як масалаи муҳокимашаванда имкон дод, иштирок карданд.
     Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни он роҷеъ ба мизи мудавар ибрози таассурот намуда, ба хулосае омаданд, ки минбаъд низ барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳаёту фаъолияти ҷавонони ҷумҳурӣ чунин машваратҳо доир хоҳанд намуд.