Боздиди Консули генералии Тоҷикистон аз паноҳгоҳи кӯдаконаи “Транзит”

on 01 июни 2018
Назарҳо: 1573

1 июни соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода аз Муассисаи давлатии буҷавии хизматрасонии иҷтимоии паноҳгоҳи кудаконаи “Транзит”-и ш. Санкт-Петербург боздид ба амал овард.


     Консули генералӣ бо директори ин муассиса Марина Петровна Рябко мулоқот намуд, бо шароити иқомати кӯдакон шинос шуд.
     Пас аз экскурсияи кутоҳ Давлаталӣ Назризода ва соҳибкори тоҷик Сияршо Абдуҷабборов бо дастпарварони ин муассиса вохӯрда, онҳоро бо Рӯзи ҳифзи кӯдакон табрик ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
     Дар навбати худ директори муассиса ба меҳмонони фахрӣ раҳматнома супорид, ки дар он барои иштирок дар ҳаёти кӯдакон ва наврасони дучори ҳолати мушкили зиндагӣ изҳори сипос шудааст..
     Паноҳгоҳи кӯдаконаи “Транзит” муассисаи ҳифзи иҷтимоӣ буда, барои кӯдакони бесарпаноҳе, ки дар ш. Санкт-Петербург бидуни қайд мебошанд ва боляд ба назди волидон ё намояндагони расмии худ баргардонда шаванд, паноҳгоҳи муваққатӣ дода, ёрии тиббӣ, равонӣ, таълимӣ ва дигар кумакро мерасонад.
     Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи кушодашавӣ бо муассисаи мазкур ҷиҳати ёридиҳӣ ба кӯдакони тоҷикистонӣ, ки бепарастор мондаанд, ҳамкории фаъолона дорад. Дар давоми соли 2017 дар паноҳгоҳи кудаконаи “Транзит” 52 кӯдаки тоҷикистонӣ қабул шуда буд, ки 20 нафари онҳо ба ватан баргардонида шуд. Аз аввали соли 2018 бошад 6 кӯдак ба Тоҷикистон фиристода шуда, ҳоло дар ин муассиса 17 кӯдак боқӣ мондаст.