Шоми назм бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар Санкт-Петербург

on 17 феврали 2020
Назарҳо: 60
15 феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистониёни Санкт-Петербург «Аҷам» чорабинии ҳарсолаи фарҳангӣ «Шоми назми точик»-ро доир намуд, ки ба ҷашни 700-солагии шоири машҳури тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида шуда буд. Чорабинӣ бо дастгирии Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷирати Санкт-Петербург, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, Хонаи миллатҳои Санкт-Петербург, Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург бо номи Пётри Кабир баргузор гардид. Ба чорабинӣ намояндагони маъмурияти Санкт-Петербург, корпуси консулӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, иттиҳодияҳои миллӣ-фарҳангӣ, арбобҳои фарҳангу санъати ш. Санкт-Петербург, донишҷӯён даъват шуда буданд.

Дар шабнишинӣ маърӯзаҳо ба ҳаёту фаъолияти шоири бузург, саҳми ӯ дар адабиёти ҷаҳон ва ҳамчунин дар бораи мақбараи шоир, ки дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Ирон ҷойгир аст, бахшида шуданд.
Дар чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо маърӯза баромад карда, дар бораи ҳаёту эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, доираи адабии Табрез, ки ба эҷодиёти шоир таъсири мусбат дошт, маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки шоири бузург ақиқаи дурахшоне дар ганҷинаи адабиёти тоҷику форс буда, эҷодиёти ӯ дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таҳсил мекунанд, шеърҳои Камоли Хуҷандӣ ва дигар шоирони тоҷик бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карда шуда, дастаҳои ҳунарии «Парӣ» ва «Помир» рақсу сурудҳои тоҷикиро пешкаши ҳозирин гардониданд.