Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон

on 18 март 2020
Назарҳо: 916

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар таъсири пандемияи коронавируси нав (COVID-19) дар қаламрави Қазоқистон вазъияти фавқулода эълон гардида, маҳдудияти ворид шудан ба Қазоқистон ҷорӣ гардид. Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Россия ва Қазоқистон баста шудаанд.

Дар ин робита Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба Тоҷикистон тавассути Қазоқистон, бо ҳамаи воситаҳои нақлиёти заминӣ муваққатан худдорӣ намоянд.

Ба шахсоне, ки муҳлати бақайдгирии ҳуҷҷатҳояшон (регистратсия) дар давраи аз 18 март то 1 майи соли 2020 ба охир мерасад, ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки барои убури сарҳад бо мақсади аз нав бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, аз сафар тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.

Айни замон, убури сарҳади давлатии Федератсияи Россия танҳо тавассути ҳавопаймоҳо имконпазир мебошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Россия ба Тоҷикистон парвоз кунанд.

Тибқи маълумоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, айни замон шумораи парвозҳо маҳдуд гардидааст, яъне, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 18 ва 19 март парвозҳоро анҷом медиҳад ва ширкати “Тоҷик Эйр” 20, 21 ва 22 марти соли ҷорӣ парвоз хоҳад кард.

Маълумотро дар бораи парвозҳо тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ба Тоҷикистон, дар сомонаҳои он ширкатҳо метавон дарёфт кард.

Ҳамзамон, Сафорат ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия, бо сабаби пандемияи коронавируси нав (COVID-19) аз 18 марти соли 2020 маҳдудияти ворид шудан ба қаламрави Россия ҷорӣ гардид.

Сафорат аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Россия зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал меорад, ки тадбирҳои ҷорӣ намудаи Ҳукумати Федератсияи Россияро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қатъиян риоя намуда, ба ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузории Россия ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надиҳанд.

Сафорат ба маҳзи дастрас шудани маълумоти нав шаҳрвандонро огоҳ хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия