Печать

Суханронии Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти матбуотӣ

on 27 июли 2020
Назарҳо: 750

СУХАНРОНИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаш моҳи аввали соли 2020 (Душанбе, 27 июли 2020)

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Ҳозирини гиромӣ,

Фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи якуми соли 2020 дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар, фармон, супориш ва дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳо ва дастурҳои Ҳукумати кишвар, Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 сурат гирифт.

Бадеҳист, ки паҳншавии коронавируси нав дар ҷаҳон ва аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон гардидани ҳамагирӣ (пандемия) ба барномаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар арсаи байналмилалӣ дар давраи гузоришӣ таъсири ҷиддӣ расонд. Фаъолияти асосии Вазорат дар ин давра, бино ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар, ба пешгирии паҳншавии Ковид-19 ва коҳиши паёмадҳои иҷтимоию иқтисодии бемории ҳамагир равона шуд. Дар ин замина тибқи фармоиши Вазири корҳои хориҷӣ дар Вазорат Ситоди доимии пайгирии вазъият дар робита ба ҳамагирии Ковид-19 таъсис дода шуд, ки он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекард.

Вазорат дар ҷалби ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ва баргардондани шаҳрвандони мо аз хориҷа, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Олмон, Ҳиндустон, Туркия, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон, Покистон ва ғайра дармонда буд, саҳми босазо гузошт. Кор дар ин самт идома дорад.

Дар ин шароити душвор кишварҳо ва шарикони рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ расонданд. Дар ин замина, мехостам миннатдории ҷониби Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Русия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувайт, Эрон, Туркия, Япония, Исроил, Қатар, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Созмони байналмилалии “Табибон бидуни марз”, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ ва ғайра изҳор намоям.

Вазъе, ки бар асари паҳншавии коронавируси нав дар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омад, ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварамон таъсири ҷиддӣ расонид. Бо вуҷуди ин, Вазорат саъй намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ дар сатҳи шоиста идома ва густариш ёбанд. Дар ин давра тамосҳо бо шарикони хориҷии мо асосан дар шакли маҷозӣ ё видеоконфронс, суҳбатҳои телефонӣ ва табодули паёмҳо сурат гирифтанд.

Дар нимсолаи якум чун анъана густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар авлавияти сиёсати хориҷӣ қарор дошт.

Дар давраи гузоришӣ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо кишварҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Уқёнуси Ором ва Африқо идома ва густариш ёфтанд. Дар самти ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои байналмилалӣ рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайвастанд.

Дар давраи гузоришӣ ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар шакли видеоконфронс баргузор шуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин давра сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати бузургдошти 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Русия Владимир Путин ба шумор меравад.

Дар нимсолаи аввали 2020 суҳбатҳои телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони чанд кишвар, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ва бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардиданд. Ҳангоми суҳбатҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур дар арсаҳои гуногун, вазъи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон, ҳамкорӣ ҷиҳати рафъи паёмадҳои манфии бемории ҳамагири Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Январ ва феврали 2020 сафарҳои расмӣ ва кории Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Олмон, Сербия, Малайзия, Бруней-Доруссалом, Русия, Ӯзбекистон ва Қатар баргузор гардиданд. Дар мулоқотҳо бо мақомоти роҳбарӣ ва шахсони дигари расмии кишварҳои шарик самтҳои авлавиятноки ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва зерсохторӣ баррасӣ шуданд.

Гузашта аз ин дар давраи гузоришӣ суҳбатҳои телефонӣ ва мулоқотҳои видеоии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамедёров, Вазири корҳои хориҷии Арманистон Зограб Мнатсаканян, бо сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Атмар, Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу, бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, бо Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Канг Кюнг-ҳа, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар, бо Муовини парлумонии Котиби давлатии Британияи Кабир Венди Мортон, бо Вазири корҳои хориҷии Канада Франсуа-Филипп Шампан, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер, Мудири иҷроияи Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди ИМА Адам Боҳлер ва бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метереологӣ (WMO) Петтери Таалас сурат гирифтанд. Дар он суҳбатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур ва созмонҳои байналмилалӣ дар заминаҳои гуногун, ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Ковид-19 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Дар давраи гузоришӣ ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Украина, Қатар ва Италия баргузор шуда, Душанбе сафирони нави худро дар Қирғизистон, Фаластин, Исроил ва Индонезия таъйин кард.

Дар давраи сипаригашта Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоишу чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардиданд, иштирок намуд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи кишвари мо нисбат ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои авлавиятноки иштироки кишвари мо дар ИДМ баён гардид.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки бори аввал дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки Созмон роҷеъ ба мубориза бо ҳамагирии коронавирус мубодилаи афкор намуда, абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани паёмадҳои манфӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои узви Созмонро баррасӣ карданд. Ҳангоми суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарурати таъмини ҳамлу нақли транзитӣ, амнияти ғизоӣ ва дастрасии таҷҳизоти тиббӣ ва дорувориро дар шароити ҳамагирӣ таъкид намуд. Изҳороти вазирони корҳои хориҷии Созмон дар робита ба шуюи коронавирус қабул гардид.

26 май ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор шуд, ки дар поёни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштаракро дар бораи ҳамдиливу ҳамкорӣ дар мубориза бо шуюи коронавирус, дастгирии муроҷиати Дабири кулли СММ роҷеъ ба эълони оташбас бино бар ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19, 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пойбандӣ ба аҳдофу усули Ойинномаи СММ пазируфтанд.

29 май Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳамоиши муштараки сатҳи баланд зери унвони “Суръатбахшии татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 тавассути амалҳо дар соҳаҳои обёрӣ, беҳдошт ва иқлим”, ки бо ибтикори намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Канада, Финляндия, Маҷористон, Япония, Кения, Нидерланд, Португалия, Сингапур дар СММ ва Департаменти СММ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва дастгирии ниҳоди СММ-Об дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

12 июн машварати видеоии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид. Дар он машварат ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар рафъи паёмадҳои бемории ҳамагири Ковид-19, вазъи ҷаҳон ва талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.

18 июн видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» бо иштироки роҳбарони СММ, Барномаи рушди СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ бар андешидани тадбирҳои муштарак баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус ва барқарорсозии рушди пойдори иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо таъкид кард.

30 июни 2020 нишасти видеоии сатҳи баланд дар қолаби С5+1 бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА баргузор гардид. Ҷонибҳо дар мулоқоти мазкур масъалаҳои мубориза бо бемории Ковид-19, паёмадҳои он ба соҳаҳои тандурустӣ ва иқтисодӣ, талошҳои кишварҳо дар бартараф кардани он, устувории иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳо ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иқдомҳои Ҳукумати кишвар барои коҳиши паҳншавии Ковид-19, нақши ҳамкориҳои минтақавӣ ва мусоидати шарикон дар ин равандро муҳим арзёбӣ намуда, ба мақсади пешгирии мавҷи эҳтимолии дувум зимни тадриҷан сабук кардани низоми карантин андешидани тадбирҳои лозимро пешниҳод кард.

19 июн дар Душанбе маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония роҷеъ ба расонидани кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории ҳамагири Ковид-19 дар чаҳорчӯби Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардид. Ёддоштҳои табодулиро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафири Япония имзо намуданд.

Бо дарназардошти паҳншавии вируси нави корона ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои ҷаҳон тасмим гирифта шуд, ки баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба соли оянда ба таъхир гузошта шавад.

Дар давраи гузоришӣ заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони байналмилалии он бо имзои 5 санади дуҷониба ва эътибор пайдо кардани 8 санади байналмилалии ҳуқуқӣ таҳким ёфт.

Ҳамкории Вазорат бо расонаҳои хориҷӣ ҷиҳати сабти ном ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар кишвар идома ёфт. Дар ин давра бахши иттилооти байналмилалӣ ва аккредитатсияи Вазорат, тибқи Низомномаи аккредитатсияи хабарнигорони хориҷӣ, беш аз 30 нафар хабарнигори хориҷиро, ки барои фаъолияти муваққатӣ ва доимӣ дар Тоҷикистон дархост пешниҳод карда буданд, аккредитатсия кард.

Дар давраи гузоришӣ, 5 март тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва бо фармоиши Вазири корҳои хориҷии кишвар Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хидмати диломатии Вазорат таъсис ёфт.

Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳамроҳ бо Афғонистон раёсати муштарак дар Раванди Истанбул / Қалби Осиёро ба уҳда дорад. Қарор аст, ки конфронси навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби раванди мазкурро Душанбе мизбонӣ кунад.

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Ҷаҳон имрӯз бо буҳрони бузурге рӯбарӯ аст, ки метавонад нуқтаи таҳаввул дар таърихи муосир гардад. Дар давоми чанд моҳи пайдоиши Ковид-19, беморие, ки сабабгори он вируси нави корона аст, таҳлилгарон дидгоҳҳои гуногунро дар мавриди навъи ҷаҳоне, ки бемории ҳамагир пас аз худ мегузорад, баён карданд. Вале аксарият эътироф мекунанд, ки ҷаҳоне, ки мо ба он ворид шуда истодаем, ба таври бунёдӣ бо ҷаҳоне, ки қаблан вуҷуд дошт, тафовут хоҳад кард. Тоҷикистон бояд ба шароити нав омода бошад.

Дар нимсолаи дуюм дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад, ки барои ояндаи кишвари мо, таъмини сулҳу пешрафти бештари иқтисодиву иҷтимоии он аҳаммияти фаровон дорад. Соли ҷорӣ қарор аст, ки давраи раёсати солонаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оғоз гардад. Соли оянда пойтахти кишвари мо мизбони иҷлоси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсиси он хоҳад буд. Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидааст. Гузашта аз ин, 9 сентябри соли оянда 30-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.

Рӯйдодҳои муҳимми мазкур аз Вазорати корҳои хориҷӣ тақозо мекунанд, ки барои дар сатҳи шоиста баргузор шудани интихоботи президентӣ дар хориҷи кишвар, анҷом додани раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва истиқбол намудани 30-солагии Рӯзи Истиқлоли кишвари маҳбуби мо омодагии ҳамаҷонибаи ҷиддӣ бинад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраи оянда муайян карда, дар мавриди пешбурди босамари сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ дар иҷрои шоистаи вазифаҳое, ки дар Паёми роҳбари давлат омадаанд, омода аст саҳми арзанда гузорад.

Ташаккур.