Иштирок дар Чорабинии чорчӯби глобалӣ ҷиҳати суръатбахшӣ ба татбиқи ҲРУ-6

on 09 июли 2020
Назарҳо: 639

9 июли соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Чорабинии махсуси Форуми сиёсии сатҳи баланд дар мавриди чорчӯби глобалӣ ҷиҳати суръатбахшӣ ба татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор (ҲРУ-6) ширкат варзид.

Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми кишварҳои узв ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии низоми СММ, аз ҷумла Барномаи муҳити зисти СММ, Хазинаи кӯдакони СММ, Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ, Барномаи рушди СММ, Барномаи искони башари СММ, Созмони СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, Созмони озуқа ва кишоварзии СММ, Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ иштирок карда, роҷеъ ба масоили татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об табодули назар намуданд.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии обро таҳия карда истодааст, ки он барои ноил шудан ба Ҳадафҳои руши устувор ва дигар ҳадафҳои мутааллиқ ба захираҳои об мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҷеъ ба чораҳои андешидашудаи марбут ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ибрози назар намуд.

Дар охири Форум Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар робита ба рӯзномаи Форум изҳори назар карда, барои дастгирӣ, ҳамбастагӣ, саҳмгузорӣ ва ваҳдате, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Созмони мазкур ва инчунин ҷавонон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаи об ва санитария нишон медиҳанд, сипосгузорӣ намуд.