Нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”

on 25 августи 2020
Назарҳо: 1079

25 августи 2020 бино ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, ки ҳамраисии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”- ро дар соли 2020 ба уҳда дорад, нишасти маҷозии кормандони аршади раванди мазкур баргузор гардид. Нишаст бо суханони ифтитоҳии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб оғоз шуд.

Дар он ҷаласа намояндагони кишварҳои узв, кумакрасон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардад, вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, ҳамкориҳои кишварҳои узв дар раванди сулҳу субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон дар нишасти мазкур баррасӣ шуданд.

Istanbul Process PS7A7429