Ҳамватанони азиз!

on 02 октябри 2020
Назарҳо: 77

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки​ 11 октябри соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00, дар бинои  «Хонаи миллатҳои Санкт-Петербург(Санкт-Петербургский дом национальностей)» воқеъ дар кӯчаи Моховая 15 , интихоботи​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

Дар ин робита, шумо ва аъзоёни оилаатонро, ки ба синни 18 расидаанд, барои иштирок дар интихоботи​ Президенти Тоҷикистон даъват менамоем.

Лутфан, бо худ гирифтани шиносномаро фаромӯш насозед.

Иштироки Шумо дар интихобот – иштирок дар ҳаёти сиёсии Ватани азизамон ва саҳми Шумо дар таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад!

Бо эҳтиром,​

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

int2

int1