Печать

Дар Хонаи Миллатҳо ифтитоҳи расмии Шӯрои ҷавонони тоҷики назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баргузор гардид.

on 15 феврали 2022
Назарҳо: 203

Дар Хонаи Миллатҳо ифтитоҳи расмии Шӯрои ҷавонони тоҷики назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баргузор гардид.

Мақсад аз ифтитоҳи чунин Шӯро пеш аз ҳама муттаҳид намудани ҷавонони тоҷик дар ш.Санкт-Петербург, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳанги миёни шаҳрвандон ихтирокору эҷодкор ва ба ин васила муарифӣ намудани дастовардҳои кишвар мебошад.

Намояндаҳои Консулгарии генералӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар ифтитоҳи он ширкат варзиданд.

Роҳбар ва фаъолони Шӯрои ҷавонон ба таври расми тасдиқ шуда, ҳозирин Мирзоназарзода Муҳаммадраҷаб Лутфуллоро ба ҳайси раис интихоб карданд.

image0