Печать

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба оғози намоишгоҳ таҳти унвони “Тоҷикистон: фарҳанг ва анъана”

on 14 майи 2022
Назарҳо: 151

12 майи соли ҷорӣ дар бинои Китобхонаи миллии Россия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба оғози намоишгоҳ таҳти унвони “Тоҷикистон: фарҳанг ва анъана” бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии Санкт-Петербург, аҳли зиё, ВАО-и маҳалли иқомат, роҳбарони диаспорҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

Консули генералӣ зимни баромади худ аз дастовардҳои даврони истиқлолияти Тоҷикистон, муносибати босамари дипломатӣ миёни Тоҷикистону Россия дар тӯли 30 сол ва фарҳанги пайвандсози ду миллат сухан ронда, минатдории худро ба роҳбари китобхона Гронский Владимир Геннадьевич ва кормандони он барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар баргузории намоишгоҳ иброз намуд.

Гронский В.Г. дар навбати худ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози тоҷик, фарҳанг ва шоиру нависандагони бузурги халқи тоҷик ёдовар шуда, омодагии худро барои боз ҳам бештар густариш додани ҳамкорӣ изҳор кард. Иқтибос аз суханронии Директори китобхона дар ВАО минтақаи иқомат бо забони русӣ замима мегардад. «Конечно, для нас культура этой страны (Таджикистана) крайне важна, потому что таджики подарили миру такие имена как Авицена, как поэма известная «Шахнаме» Фирдоуси, как стихи Омара Хаяма, которые знают все на планете. Для нас это великая культура».

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ташфиқу тарғиби зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои халқи тоҷик буда, дар он намунаи либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, ҳунарҳои дастӣ, аксҳо аз манзараҳои зебои Тоҷикистон, нигораҳои таърихӣ, инчунин китобҳои мухталиф дар бораи фарҳанг, таърих ва дастовардҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Россия бо иштироки Муовини роҳбари Кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург бо намояндаги аз Ҳукумати шаҳрдорӣ ва намояндагони дигари ниҳоди давлатию хусусии Санкт-Петербург, инчунин роҳбарони диаспорҳои тоҷик ва донишҷӯёни фаъол баргузор гардид.

Дар конфронс маърӯзаҳо ба дастовардҳои даврони истиқлолияти Тоҷикистон, муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои мухталиф аз қабили энергетика, тиб, сайёҳӣ, фарҳанг ва ғайра бахшида шуда буданд.

P1010121 min

P1010055 min

P1010132 min

P1010126 min

P1010155 min

P1010125 min

P1010037 min

P1010026 min

P1010025 min

P1010013 min

P1010014 min

P1010017 min

P1010022 min