Печать

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург маълум мекунад, ки 28 августи соли ҷорӣ 5 нафар ҷавон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба садамаи автомобилӣ дучор шуда 3 нафарашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва 2 нафари дигар ба бемор

on 30 августи 2022
Назарҳо: 62

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург маълум мекунад, ки 28 августи соли ҷорӣ 5 нафар ҷавон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба садамаи автомобилӣ дучор шуда 3 нафарашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва 2 нафари дигар ба беморхона интиқол дода шуданд.

Чуноне, ки дар шифохона маълум карданд вазъи саломатии ин ду нафар муътадил мебошад.

Шаҳрвандони фавтидашуда зодагони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич Тоҳирзода Фаридун, Худойбердиев Сарвар Дилшодович ва Холматов Хушнуд Алиҷонович мебошанд.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқи хешро изҳор менамояд.

Ҳамзамон барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан дар якҷоягӣ бо намояндагони диаспораҳои тоҷик чораҳои зарурӣ анҷом дода шуд.