Печать

9 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Хомидҷон Назари бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аъзоёни Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот нам

on 14 сентябри 2022
Назарҳо: 227

9 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Хомидҷон Назари бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аъзоёни Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот Консули генералӣ донишҷӯёнро бо Рӯзи Истиқлолият табрик гуфта, дар бораи таърих ва дастовардҳои даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ суҳбати интерактивӣ сурат гирифта, масъалаҳои ҳамкорӣ, посух ба саволҳо ва пешниҳодҳои андешаҳо оид ба рушди ҳамаҷонибаи донишҷӯёни тоҷик дар Санкт-Петербург сурат гирифт.

Консули генералӣ дар суханронии худ донишҷӯёнро ҷиҳати расонидани кӯмаки иттилоотӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар самти машваратӣ ва таълимӣ даъват намуд.

Илова бар ин, роҳбари муассисаи консулӣ саҳм гузоштан дар рушди кишвари худ муҳим арзёбӣ карда, аз ҷавонон даъват кард, ки аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноятӣ қатъиян худдорӣ намоянд.

image1