15 сентябр ба ифтихори 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи “City blue” пазироии расмӣ баргузор гардид.

on 20 сентябри 2022
Назарҳо: 268

15 сентябр ба ифтихори 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи “City blue” пазироии расмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Губернатори Санкт-Петербург Эргашев О.Н. ва намояндагони мақомотҳои мухталифи давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои консулии муқими Санкт-Петербург, иттиҳодияҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои русӣ, васоити ахбори омма, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва ҳамватанони фаъоли шаҳри Санкт-Петербург иштирок доштанд.

Дар суханони шодбоши худ Консули генералӣ муҳимтарин дастовардҳои кишварро, ки тайи 31 соли Истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, таъкид кард.

Макони ҷашн бо сабқи вежа ороиш ёфта, дар он намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ, инчунин, китобҳо дар бораи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг ва маводи ҷолиби диққат ба намоиш гузошта шуда буд.

PHOTO 2022 09 20 10 39 35 1

PHOTO 2022 09 20 10 39 35

PHOTO 2022 09 20 10 39 14

PHOTO 2022 09 20 10 39 15

PHOTO 2022 09 20 10 39 14 1