Печать

Вохӯрӣ бо Мирзоширинов Умедшоҳ филмсози ҷавони тоҷик

on 23 сентябри 2022
Назарҳо: 308
21 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург ва Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо Мирзоширинов Умедшоҳ филмсози ҷавони тоҷик вохӯрӣ намуда, ӯро барои сазовор гардидан бо ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳи Фестивали байналмилалии “Адабиёт ва кино”, ки дар шаҳри Гатчинаи вилояти Ленинград баргузор гардид, табрик намуданд ва барояш бурдборию эҷоди филмҳои нав ба нав таманно намуданд.
Филм “Додараки Фариштаҳо” ном дошта, аз рӯи ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба навор гирифта шудааст.
 
45645