Печать

19 октябри соли 2022 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Анҷумани байналмилалии «Иттиҳоди муд» бори аввал баргузор гардид.

on 20 октябри 2022
Назарҳо: 267

19 октябри соли 2022 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Анҷумани байналмилалии «Иттиҳоди муд» бори аввал баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони саноати сабук ва саноати муд, вазорату иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши эҷодии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаҳои мубрами соҳаро баррасӣ намуданд.

Инчунин, дар ҳошияи анҷуман намоиши муд баргузор гардид, ки дар он тароҳони давлатҳои аъзо эҷодиёти худро барои бинандагон муаррифӣ намуданд. Дар намоишгоҳ ҳунарҳои тарроҳони тоҷик Умед Кучкалиев, Гугуш Ашурова, Садбарг Марахими (хонаи муди Tajikistan Fashion Week) пешкаши иштирокчиён гардиданд.

2

2

2

2

2

2

2