Печать

Зимни сафари Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ ба вилояти Архангелск вохӯрӣ бо Петросян Вега Самвелович муовини аввали губернатори вилояти Архангелск роҳбари дастгоҳи губернатори вилояти Архангелск ва ҳукумати в

on 01 ноябри 2022
Назарҳо: 212

Зимни сафари Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ ба вилояти Архангелск вохӯрӣ бо Петросян Вега Самвелович – муовини аввали губернатори вилояти Архангелск – роҳбари дастгоҳи губернатори вилояти Архангелск ва ҳукумати вилоят, Преминин М. - сардори намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар вилояти Архангелск, Поромов С.В. - муовини вазири рушди иқтисод, саноат ва илм ва Повова И.В. - вазири маориф анҷом дода шуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Архангелск дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сайёҳӣ ва ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд. Дар пайи мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки корҳои муштаракро ҷиҳати рушди муносибатҳои наздик дар масъалаҳои сайёҳӣ, робитаҳои бародаршаҳрӣ, фарҳангу маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ идома диҳанд.

IMG 20221101 WA0002

IMG 20221101 WA0003