Дар Маркази ҷавонони «Среда» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ, фаъолони ташкилоти донишҷӯёни «МОСТ», аспирантҳо ва донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар пойтахти шимолӣ таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.
Дар баромади худ ҳозирин оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI дар рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу субот дар кишвар суханронӣ намуданд.