17 ноябри соли 2022 дар қароргоҳи шоҳони ш. Калинингради Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабини намояндагони Ҳукумати вилояти Калининград, корпуси дипломатӣ, роҳаброни диаспораҳо ва ҳамватонон ширкат варзиданд.