9 феврали соли ҷорӣ вохӯрии намояндагони муассисаи консулӣ ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва соҳибкорони ш.Санкт-Петербург баргузор гардид.
Иштирокчиён дар атрофи мушкилиҳои ҷойдошта хусусан ҷиҳати интиқоли ҷасадҳои фавтидагон ба ватан ва риоя гардидани қонунҳои кишвари иқомат аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандон суҳбат оростанд.