Моҳи феврали соли ҷорӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург бо роҳбар ва намояндагони диаспораи тоҷикони «Сомониён»-и вилояти Архангелск баргузор гардид.
Роҳбари диаспора Масрур Машарипов дар бораи фаъолияти диаспора дар минтақаи иқомат суханронӣ намуда, аз нақшаҳои худ ва ҷалби ҳамватанон ба кор дар минтақи хеш ибрози андеша кард.