26 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Консулгарии генералӣ дар Осорхонаи этнографии шаҳри Санкт-Петербург бо ҳадафи тарғиби тамаддун, анъана ва ҳунарҳои мардуми ҳалқи тоҷик чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонии "Тоҷикистон дӯстонро интизор!" бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз ниҳодҳои давлатии маҳалли иқомат, намояндагони диаспораи тоҷикон, шаҳрвандони бурунмарзӣ, донишҷӯёни тоҷики ташкилоти “МОСТ” ва наврасону руси макотибҳои таҳсилоти миёна, инчунин шахсони маъюби Маркази рушди “АНИМА” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ду қисм иборат буд, қисми аввал аз мастер-классҳо бахшида ба тарзи омода намудани кундал, санъати нақошӣ, кулолгарӣ, расму оини ҷашни Наврӯз ва дар қисми дуюм бошад наворҳо бахшида ба таърих ва дастовардҳои ҷумҳурӣ, рақсҳои миллии минатқаҳои кишвар ва мусобиқаҳои варзишии хосси миллати тоҷик манзури меҳмонон гардид. Дар толори асосии осорхона ғурфаҳо бо либосу сузанӣ, нигораю аксҳо, ҳунурҳои мардумӣ, китобҳои муаррификунандаи таърих, фарҳанг ва дастовардҳои Тоҷикистон омода карда шуда, ба диққати тамошобинон пешниҳод гардид. Дар фарҷом барои иштирокунандагон тӯҳфаҳо иборат аз меваҳои хуштаъми кишвар тақдим карда шуданд.