Моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ҷамъиятии тоҷикони «Аҷам» дар Маркази боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург чорабинии хайриявӣ баргузор гардид.
Дар ин росто ба 42-нафар шаҳрвандони Ҷумуҳрии Тоҷикистон, ки дар интизории қарори додгоҳ ҷиҳати ихроҷ шудан ба Ватан ҳастанд, меваю ширинӣ, шарбат, нӯшокиҳо ва оши палов ташкил карда шуд. Илова бар ин, сарпарастон тасмим гирифтанд, ки дар хариди чипта ба ҳа ҳамватан, ки дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд, мусоидат кунанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Усмонов Мурод, раиси ҷамъияти тоҷикони «Адҷам» ба роҳбарияти Марказ ҷиҳати мусоидат дар баргузории ин нишаст ва ғамхорӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос намуд.