14 марти соли 2023 дар шаҳраки Сосновий Бори вилояти Ленинград вохӯрии Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ бо соҳибкорони фаъол, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики минтақаи мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба вазъи сиёсию иқтисодии минтақа ва таъсири он ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва раванди муҳоҷират, ҳамкории муассисаи консулӣ бо Ҳукумати вилояти Ленинград барои беҳтар намудани шарту шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва нақшаю амалҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ватанамон суҳбатҳо доир гардиданд.
Дар фарҷом, аз ширкаткунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли он ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд.