1 апрели соли ҷорӣ бори навбатӣ кормандони масъули муассисаи консулӣ ҳамроҳ бо шаҳрвандони фаъол ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ №1 (машҳур бо исми Боздоштгоҳи Красное село) ташриф оварда, бо роҳбарияти марказ ва шаҳрвандони тоҷикистонии боздоштшуда вохӯрӣ намуда, аз шарту шароити будубоши шаҳрвандон дидан намуданд.
Ба шаҳрвандон оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, оқибатҳои вайрон намудани он ва тартиби баррасии парвандаҳои ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби судҳои ваколатдор, фаҳмонда шуд. Инчунин, ба иттилои шаҳрвандон расонида шуд, ки аз аҳволи нафароне дастгир мешаванд, муассисаи консулӣ фавран хабардор мегардад ва барои бозгардонидани онҳо ба ватан ҳаррӯза чораандешӣ менамояд.
Зимнан соҳибкори ватанӣ Ғолибшоҳ Давлатов ба шаҳрвандон маводи хӯрока иборат аз меваю сабзавот, шириноҳо тақдим карда, шоми 3 апрел бошад ба онҳо дастархона ифторӣ ороста намуд.