Печать

Ҷаласаи коршиносон “Тоҷикистон - СҲШ: ташаббуси об ба ифтихори эълони “2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.

on 27 апрели 2023
Назарҳо: 190

24 апрели соли ҷорӣ Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни тоҷик “МОСТ” дар осорхонаи “Арктика ва Антарктика”-и шаҳри Санкт-Петербург ҷалассаи коршиносон дар мавзӯи «Тоҷикистон - СҲШ: ташаббуси об ба ифтихори эълони "2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи якдилона кабул карда шуд баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур кормандони Консулгарии генералӣ,  коршиносонӣ соҳа, устодони донишгоҳҳои Санкт-Петербург, Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозӣ диаспораи тоҷик дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Маркази дипломатияи инноватсионии БРИКС ва СҲШ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ коршиносони Тоҷикистону Русия дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, муҳити зист дар сатҳи минтақавӣ, ҷаҳонӣ ва имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

IMG 20230427 WA0017

IMG 20230427 WA0017

IMG 20230427 WA0017