Мулоқот бо ширкати сохтмонии “Прайдекс”.

on 06 июни 2023
Назарҳо: 321

Санаи 5 июни соли ҷорӣ кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург ҷиҳати шиносоӣ аз кору фаъолият ва рузғори ҳамватанон дар бинои “Лахта-центр бо роҳбарияти ширкати сохтмонии “Прайдекс” мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти ширкат масъалаи беҳтар намудани шароити буду боши ҳамватанон баррасӣ гардида шуд.

Ҳамчунин, бо ҳамватанон дар атрофи риояи қонунҳои кишвари иқомат, бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии онҳо ва худдори намудан аз муноқишаҳо миёни қавму миллатҳо суҳбат ороста шуд.

IMG 20230605 WA0035